БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарманд ҳама ҷо бувад арҷманд

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқотҳо  дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар деҳаи Дӯстии  ҷамоати деҳоти Қарақамиш вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо сокинони деҳаи номбурда  баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид дар  бораи  самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар масъалаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  андешаронӣ намуд.

Инчунин, дар вохӯрӣ вакили ҷамоат Насимов Нурулло иштирок дошта, оид ба пешгирии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон аз шомилшавӣба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои хатаровари ташкилотҳои террористии дар Тоҷикистон мамнӯъ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, тарбияи дурусти фарзандон дар роҳи ватандӯстӣ,тарғиби тарзи ҳаёти солим пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ,  рушди ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуд.

Сипас, дар қисмати  фарҳангии вохӯрӣ бо иштироки зиёда аз 50 нафар сокинони деҳа  намоиши ҳунарҳои мардумӣ  баргузор карда шуд, ки аз ин намоишгоҳ ҳамагон дидан карда,бароибоз ҳам тақвият юбахшидани касбу ҳунарҳои мардумӣ ба ҳунармандон тавсияҳо  доданд.

Дар охир Раҷабзода Маҳмадсаид ва Насимов Нурулло ба ташкилкунандагони намоиши ҳунарҳои мардумӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.                                                              

                                                                                                                                                                                                                                            

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg