БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Намоиши ҳунарҳои миллӣ дар поёни Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ армуғони арзанда гардид

ПАНҶ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ХҲДТ дар ноҳияи Панҷ дар маҳаллаи Сомонӣ-2-и ҷамоати деҳоти Намуна  намоиши ҳунарҳои мардумӣ хотирмон баргузор гардид.

Дар ҷамъомад мудири  шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия Шомаҳмадзода Музафар, мудири шуъбаи кор бо занони кумитаи иҷроия Атавуллоева Зебунисо, роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Ғафуров Сайдамир ва котиби ҷамоати деҳоти Намуда Сатторова Моҳира иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни  баромадҳо нотиқон ин тадбири сокинони маҳалро мусбат арзёбӣ намуданд.  Сокинони маҳал маҳсули хунару истеъдоди худро, ки аз маҳсулотҳои кишоварзию  хунарманди, ки аз хушзавқ буданашон шаҳодат медод, ба намоиш гузоштанд.

Ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста  ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷиҳати эҳёи хунарҳои мардумӣ ҳамчун рукни асосии нигоҳдорандаи фарҳанг таваҷуҳи зиёд дода шуда истодааст.

Вобаста ба ин, бо қувваи яке аз саховатмандони деҳа Баротов Муродалӣ коргоҳи хурди дӯзандагӣ таъсис дода шудааст, ки гулдухтарони маҳал бо дӯхтани куртаҳои миллӣ, чакан, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ,  болишту куртаҳои попурӣ  ва сару либоси мактабӣ  машғуланд.

Мақсад аз таъсиси чунин коргоҳҳо эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ, ки солҳои охир аз мадди назар дур мондаанд, ҳамзамон бо ҷойи кори доимӣ ва бо шароити арзанда таъмин намудани занону духтарон ва дар ин росто тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи худшиносӣ ва меҳанпарастӣ ба мақсади рӯ овардан ба асолати миллӣ ва дар замири онҳо бедор кардани ҳисси зебоипарастӣ  мебошад. 

Дар интиҳо Шомаҳмадзода Музафар  иброз дошт, ки рохандозии ин чорабинӣ дар поёни Соли рушди сайҳӣ ва хунарҳоимардумӣ як армуғони арзанда гардид  ва ба ташкилкунандагони  он изҳори  сипос намуд. Чорабинии бошандагони маҳал бо баромади фарҳангии наврасону ҷавонон ҷамъбаст гардид.

           

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg