БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Конференсияи хотирмон бахшида ба ҷамъбасти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

МӮЪМИНОБОД. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод ва дар якҷоягӣ бо  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия   бахшида ба ҷамъбасти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Қасри фарҳанги ноҳия Конфренсия баргузор карда шуд, ки дар он  иштироки васеъи ҳунармандону ҷавонон, фаъолони ҳизб ва аъзои намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан"   иштирок доштанд.

Зимнан дар қисмати сиёсии  Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Салоҳиддин  Мирзобаротзода  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  суханронӣ намуда, ҳамагонро барои бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст кардани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  тавсияҳои судманд дод.

Дар ин раванд дигар баромадкунандагон низ   фикру андешаҳои хешро роҷеъ ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тақвияти  касбу ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал  ва омӯзонидани касбу ҳунарҳои миллӣ ба ҷавонон  ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баён доштанд.

Дар қисмати фарҳангии Конференсия  дар назди Қасри фарҳанги ноҳия аз ҷониби  тарроҳон ва кулли ҳунармандони ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳи баланди фарҳангӣ  баргузор карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg