БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Омӯзгор ҳамчун роҳнамои маънавии насл аст

ФАРХОР. Тибқи ҷадвали тасдиқшудаи баргузории вохӯрию суҳбатҳо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Боғчаи №8", ки дар деҳаи Арчаи ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ воқеъ мебошад, вохӯрӣ доир намуданд.

Дар ин вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаҳбози Искандар дар назди ҳозирин баромад намуда, оид ба  ҳадафҳои барономавии ҲХДТ ва масъалаҳои шурӯъ аз боғча тарбия кардани насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ суханронӣ намуданд. Ҳамчунин, дар робита ба амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №295 оид ба “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020”, ибрози ақида карда, қайд намуд, ки имрӯз равандҳои ҷаҳонӣ аз мо тақозо мекунад, ки мафкураи насли хурдсолро бояд шурӯъ аз боғча ташаккул бидиҳем, дар замири онҳо ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиро ҷой диҳем, дар ғайри сурат мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ қафо мемонем. 

Ба қавли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омӯзгор ё ин, ки тарбиятгар  дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст, яъне омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи даврон масъул аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg