БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Терроризму экстремизм натанҳо мушкилоти мо балки мушкилоти тамоми сайёра гардидааст

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Дониш” хониши сиёсӣ дар мавзӯъи “Ҳизбиён бо гурӯҳҳои ифротгаро мубориза мебаранд” баргузор карда шуд.

Дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  Абдуллоев Ваҳобиддин иштирок дошта, доир ба мафҳуми “экстремизм” ва “терроризм”, сабабҳо,  омилҳо ва воситаҳои дигаре, ки одамонро ба ҷараёни худ мепайванданд, таҳлили комили таснифоти терроризм, мубориза бар зидди он, пешгирии шомилшавии ҷавонон баромад намуда,  қайд кард, ки бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва фанои ҷанги сард низоми нави ҷаҳонӣ ташаккул ёфта, тақсимоти нави ҷаҳон ба миён омада, дар арсаи байналмилалӣ муносибатҳои давлатҳои абарқудрат  ои ба тақсимоти ҷаҳон хело тезу тунд гардиданд. 

Бо истифода аз ин барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ ҳама гуна усулҳо, аз ҷумла усулҳои экстремистиву террористӣ васеъ истифода бурда мешаванд. Ин гуна гурӯҳҳо даст ба амалҳои ғайриқонунӣ зада, тавассути зӯрӣ “ҳал намудани масъалаҳо”- ро ихтиёр намудаанд. Дар гӯшаю канори гуногуни олам қариб кишваре ва ё минтақаеро дарёфт намудан мумкин нест, ки аз амалҳои террористӣ ва оқибатҳои ҳузновари он дар канор монда бошад. Махсусан дар даҳсолаи охир терроризм дар шаклҳои бадтарин зуҳур карда, бештар даҳшатнок гардидааст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg