![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/48381804_362671721210872_7263753157484740608_n.jpg?itok=Vxr3yHRP)
КУШОНИЁН. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори ноҳияи Кушониён дар доираи баргузории Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем" бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар шоҳроҳи Бохтар – Левакант ҳашари умумӣ ташкил карда шуд.
Ташаббуси ватандӯстонаи ҳизбиёнро ҳамагон бо хушнудӣ пазируфта, дар ҳашари умумӣ фаъолона иштирок намуданд.
Иштирокдорони шанбегии умумӣ бехи дарахту ниҳолҳои гуногунро аз алафҳои бегона тоза ва нарм намуда, ҷўйборҳои обгузарро аз партовҳо тоза карданд.
ташаббуси неки ҳизбиён дар ҳудуди ноҳия бо ҷалби аъзо ва ҷонибдор они ҲХДТ, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» идома дошта, корҳои созандагиву ободонӣ рӯз то рӯз вусъати тоза гирифта истодааст.