БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафҳои асосии ҳизби мо беҳдошти рӯзгори мардум аст

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази фарҳанги ҷавонони шаҳр » бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан иштирок ва суханронӣ намуданд.
Намояндаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан оид баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ,  тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгири аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону духтарон андешаронӣ карда, зикр намуд, ки либос як ҷузъи фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, ба мо аз аҷдодонамон ёдгор мондааст ва дар тӯли қарнҳо  шаклашро дигартар намуда бошад ҳам, шинамию зебандагиашро гум накардааст. Шахсан барои ман либоси миллӣ мероси арзишмандест аз гузаштагонамон.

Мо, тоҷикон, мардуми бадавлатем, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлол, забон, гузаштагони тавоно, урфу одат ва либоси ба худ хос дорем. Бояд ин меросҳои арзишмандро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, ба ояндагон супорем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg