БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Заминаи устувори насли солим аз кӯдакистон оғоз мешавад

ФАРХОР. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Боғчаи №7" доир ба мавзӯъҳои "Нақши боғча дар ташаккули мафкураи кӯдак" ва "Танзими ҷашну маросимҳо талаби рӯзгори мардум" хониши сиёсӣ доир намуданд.

Маҷлисро бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаҳбози Искандар кушода, қайд намуд, ки кӯдакон ояндаи моянд ва барои ояндаи дурахшон бояд қабл аз ҳама фарзанди оқилу доно, дурандеш ва миллатдӯсту ватандӯстро тарбия кард. Заминаи устувори насли солим аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва равонӣ аз кӯдакистон оғоз мешавад, аз ин лиҳоз шумо кормандони кӯдакистон дар тарбия ва ташккул додани мафкураи солими насли хурдсол масъулияти бузург доред.

Ҳамчунин, номбурда ҷиҳати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози андеша намуда, қайд намуд, ки қабули қонуни мазкур талаби рӯзгори мардуми кишвар буда, барои пиёда сохтани яке аз ҳадафҳои олии давлат, яъне паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg