ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқотҳо дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар деҳаи Фалҳободи ҷамоати деҳоти Ќарақамиши ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо сокинони деҳа баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар масъалаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштирок ва ҳамкории бевоситаи вакили ҷамоат Насимов Нурулло сокини деҳа ва фаъолони деҳа гузаронида шуд.
Сипас, бо иштироки зиёда аз 120 нафар сокинони деҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гашт.
Дар намоиш дастовардҳои ҳунарии сокинони маҳалла ба маърази тамошо гузошта шуданд. Њамчунин дар рафти намоиши ҳунарҳои мардумӣ сокинони деҳа барномаи фарҳангии рақсу бозӣ ташкил намуданд.
Зимни ҷараёни чорабинӣ дар деҳаи Фалҳободи ҷамоати деҳоти Ќарақамиши ноҳияи Темурмалик раиси кумитаи маҳалла Мирасов Маҳмадулло иштирок ва ва суханронӣ кард.
Дар охир раиси Кумитаи иҷроияи ЊХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ва намояндаи ҷамоати деҳоти Ќарақамиши ноҳияи Темурмалик Насимов Нурулло ба ташкилкунандагони намоиши ҳунарҳои мардумӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.