БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистон дорои захираҳои моддиву имкониятҳои фарроҳи табиӣ мебошад

ПАНҶ. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои нахустини роҳбарии худ барои баровардани мардум аз фарқу камбизоатӣ ба ҳар хонаводаи кишоварзон замини ҳосилхез тақсим карда буд. Истифодаи босамари замин  боиси баланд гаштани сатҳи некӯаҳволии мардум гардид.  Вобаста ба ин бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии маҳаллаи Сомонӣ-3-и ҷамоати деҳоти Намуна мулоқот доир гардид.

Дар ин чорабинӣ Файзиев Каримҷон – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, Шомаҳмадзода Музафар- мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот,  Атавуллоева Зебунисо-мудири шуъбаи кор бо занон, Ғафуров Сайдамир – роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва вакили мардумӣ Шарипов Баҳромҷон ширкат намуданд.

Нахуст, Файзиев Каримҷон ҷамъомадро ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 Соли рушди сайёҳ ва хунарҳои мардумӣ эълон гардид, дар баробари ин бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷихати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона аз моҳи январи соли 2018 аз ҳама намудҳои андоз озод гардиданд.

Ҳамаи ин тадбирҳои дурандешонаи Пешвои миллат  ба таъмини зиндагии шоистаи мардум равона шудааст ва барои даст ёфтан ба ин ниятҳои нек лозим аст, ки дигар самту соҳаҳо, касбу кори хонагиро ривоҷ бахшем.  Дар ин росто мебояд, ки оммаи васеи ҷомеа ба корҳои хонагӣ ва соҳибкориву хоҷагидорӣ  бештар рӯ оваранд. Мавсуф кайд намуд, ки дар Тоҷикистон  манбаи ҷойҳои корӣ фаровон аст ва захираҳои моддиву имкониятҳои мавҷуда барои ҳамаи сокинон шароити кору фаъолиятро фароҳам овардааст.

Аҳли заҳмати маҳал чорабиниро бо намоиши ҳунару дастранҷи ҳунармандони хушзақи маҳал ва ҳунармандони муосир ба маърази тамошо гузошта буданд, ки хеле диданӣ буд.

Дар охир, аз ҷониби ҷавонони маҳал намоиши фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg