БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳангоми ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан чиро бояд донист?

КУШОНИЁН. Дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ - и ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кушониён бо иштироки намояндагони Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон, масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷавонону наврасон ва фаъолон вохӯрии судманд доир гардид.

Элмурод Турсунов, мушовири сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт,  ки имрӯзҳо бо заҳмату талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин созишномаҳо ва шартномаи дӯстӣ доир ба муҳоҷирати меҳнатӣ бо кишварҳои хориҷа  баста шудааст, ки   ҳангоми ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани сокинони кишварамон метавонанд, дар як муддати кӯтоҳтарин ҳуҷҷатҳо худашонро омода намуда бе ягон мушкилӣ  ба кор шурӯъ намоянд. Баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба хотири пайдо кардани ризқу рӯзӣ барои хонаводаашон ба кишварҳои хориҷ ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар мекунанд. Онҳо гоҳо ҳуқуқу уҳдадориҳои худро надониста, қонуншиканӣ карда, аз тарафи мақомотҳои дахлдори он кишварҳо ҷазо мегиранд ё ин, ки ихроҷ мешаванд.

Мутаассифона,  баъзе аз сокиноне ҳастанд, ки ҳангоми сафар ба кишварҳои хориҷ одитарин қонунҳои он кишварҳоро риоя намекунанд ва чандин моҳҳо кору фаъолият мекунанду аммо ягон ҳуҷҷатҳое, ки ҳангоми вуруд ба он кишвар бояд анҷом дода шавад худсарона омода намекунанд”,- гуфт Элмурод Турсунов, мушовири сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳмудҷон Хоркашев, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чандин давлатҳои дунё шартномаҳои дӯстӣ дорад ва шаҳрвандони кишварамон ба он давлатҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Аниқтараш аз ҷумҳурӣ 460 ҳазор ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. “Шаҳрвандони мо ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд ҳам, аммо одитарин қонунҳои кишварҳои қабулкунандаро риоя намекунанд ва ин боис мегардад, ки онҳоро аз кишварашон хориҷ мекунанд ё ин ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашанд. Барои он шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, дар вилоят ва дар марказҳои ноҳияҳою ҷамоатҳо курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ, дуредгарӣ, омӯзишӣ сохтани иншоотҳои баландошёна ва дигар намуди дарсҳо мавҷуданд. Хоҳишмандон метавонанд барои сатҳи донишу малакаашонро баланд бардоштан дар он ҷойҳо таҳсил намоянд”, - афзуд  ӯ. Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни намояндагони Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Ҷумҳуриявию вилоятӣ, бо сокинону фаъолони ҷамоат суол ҷавоби судманд сурат гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg