БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Шояд, ки зи дилпокии худ соҳиби обем...

Ш.ШОҲИН. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Шарибарбар суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва Соли тақвияти робита бо маҳал  вохӯрӣ баргузор намуданд.

Вохӯриро Ҳошимов Абдураҳим мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кушода, дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  ба истифода додани якумин чархаи Нерӯгоҳи барқи Обии Роғун, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028»  суханронӣ намуда, зикр кард, ки Тоҷикистони  биҳиштосои мо  дар саргаҳи оби тоза қарор дорад ва захираи фаровони оби тоза насибаш гаштааст.  Кишвари мо аз нигоҳи дастрасӣ ба оби  тозаи нӯшиданӣ дар ҷаҳон мавқеи намоёнро ишғол кардааст. Ин маънои онро надорад, ки мо нисбат ба об беташвишу бепарво  бошем. Мо сокинон бояд тарзи истифодаи оқилонаи ин сарвати бебаҳоро дониста,  сарфа кардану покиза нигоҳ доштани онро  хуб  донем ва  ба  наврасону  ҷавонон талқин намоем, ки табиат сарчашмаи ҳаёт, хонаи  мо, манбаи меҳнату фароғат, зиндагию  зебоӣ ва саломатии онҳо мебошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg