![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/P_20181215_094623.jpg?itok=6QPYoX6E)
ШАҲРИТУЗ. Дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар назди бинои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб шанбегии умумӣ баргузор намуданд.
Дар рафти гузаронидани шанбегии умумӣ дар назди бинои маъмурии ҳизбӣ гулњои ороишї шинонида, гирду атрофи биноро рубу чин ва қубурҳои обгузарро аз партовҳо тоза карданд.
Чунин корҳои созандагиву ободонӣ дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритуз бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо маром идома дорад.