БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Саҳми ҲХДТ дар рушди маҳал зиёд аст

А.ҶОМӢ. Дар асоси қарор ва дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизбӣ, ҷиҳати мустаҳкам намудани робита бо маҳаллаҳо ва ҷалби сокинони марал, алалхусус ҷавонони маҳаллӣ ба ободкориву созандагӣ, ҳамчунон аз ҳисоби фаъолзанону фаъолҷавонони маҳаллӣ зиёд намудани сафи  ҲХДТ, инчунин дар доираи татбиқи боси фати ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар кӯчаи Лоҳутии ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо сокинони маҳаллаи мазкур вохӯриро баргузор намуданд.

Ҳадаф аз баргузории вохурӣ, фаҳмонидани моҳияти Аксияи ҳизбӣ, таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», эълон гардидани Соли тақвияти робита бо марал ва баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва риояи Қонунҳои милили Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва тҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ба ҳозирин оид ба  дар амал татбиқ намудани мушкилотҳое, ки дар деҳаву маҳалла ҷой доранд ва боз ҳам ободу зебо гардонидани ҷойи зисти худ маслиҳатҳо доданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg