БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷиконро бо урфу одатҳои неку созанда ва хайрхоҳонаашон мешиносанд

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Ҳаёти нави Ҷамоати деҳоти «Ваҳдати милли»-и ноҳия чорабинии тарғиботии ҳизбӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Қурбонов Сайдаҳмад,  коромӯзи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳаммадҷон ва сокинони фаъоли деҳаи болозикр баргузор гардид.

Дар чорабинии таблиғотии ҳизбӣ занону бонувон чанд навъ ҳанарҳои мардумиро ба намоиш гузошта, ҷавонону фаолони деҳа аз тамошои ҳунарҳои мардумӣ ба худ як ҷаҳон ғизои маънавӣ гирифтанд.

Зимнан коромӯзи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳаммадҷон барои ташкили чорабинии мазкур минатдории Кумитаи иҷроияи ноҳияро ба аҳли кӯча расонида, оид ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муфассал баромад намуд. Мавсуф дар суханронии хеш иброз дошт, ки дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Ҷайҳун чунин чорабиниҳо баргузор гаша истодаанд. Ҳунармадони ноҳияи Ҷайҳун дар давоми моҳи июл ва августӣ соли ҷорӣ дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тавонистанд ҳунари волои хешро ба кулли сокинон ва меҳмонони ноҳия нишон диҳанд.

Ҳамчунин дар рафти чорабини вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Қурбонов Сайдаҳмад суханрони намуда, қайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки «Миллате, ки ба анъанаҳо, урфу одатҳои аҷдодӣ ва ойинҳои миллии хеш ифтихор дорад, метавонад аз неъмати бебаҳои Истиқлол баҳра гирад, дар бунёди давлат ва давлатдории навин саҳм гузорад. Чунки тоҷиконро ҳамчун миллати сулҳпарвар, соҳиби тамаддун ва фарҳанги бузурги миллӣ бо анъанаҳои нек, урфу одатҳои созандаву хайрхоҳона мешинохтанд ва мешиносанд».

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg