
ҲАМАДОНӢ. Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бомаром идома доранд.
Ба ин муносибат соҳибкори муваффақ, узви фаъоли ҲХДТ ҳоҷӣ Абдусаттор дар шаҳраки Москва Маркази савдои «Абдулло» дар сохта ба истифода дод.
Дар маросими ифтитоҳи ин Маркази савдо узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода ва сокинони шаҳраки Москва иштирок намуда, зимни суханронӣ қайд карданд, ки бо ба кор даромадани ин Маркази савдо 8 нафар истиқоматкунандагони шаҳраки Москва ба ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд. Ҳамзамон ин бинои дуошёнаи замонавӣ буда, ба ҳусни шаҳраки Москва ҳусни наве зам намуд.