БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ –муҳофизи арзишҳои миллию фарҳангии Тоҷикистон

ТЕМУРМАЛИК. Дар маҳаллаи №9-и ҷамоати шаҳраки Совети ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо сокинони маҳаллаи номбурда  баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ  самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, 24-солагии таъсисёбии ҲХДТ, роҳи пуршарафи тайкардаи он, хизматҳои беназири Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар масъалаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Сипас, бо иштироки зиёда аз 30 нафар сокинони маҳалла  намоиши ҳунарҳои мардумӣ  баргузор гашт, ки дар он намоиши дастовардҳои ҳунарии сокинони маҳалла ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Дар охир дар маҳаллаи №9-и  ҷамоати шаҳраки Совет бо пешниҳоди раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид  ташкилоти нави ибтидоӣ таъсис дода шуда, раиси он   Муродова Гулчеҳра   интихоб карда шуд.

Зимни ҷараёни чорабинӣ раиси маҳаллаи №9-и   ҷамоати шаҳраки Совет Каримов Рустам иштирок ва баромад кард.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg