БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ӼХДТ ба рушди ӽунарӽои мардумӣ мусоидат намуда истодааст

ВОСЕЪ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар кӯчаи ба номи А.Рȳдакии  ҷамоати шаҳраки Ӽулбуки ноҳия бо иштироки сокинон, алалхусус занону ҷавонони маҳаллӣ бахшида ба Соли рушди сайёӽӣ ва ӽунарӽои мардумӣ намоиши ӽунарӽои мардумиро баргузор намуданд.

Ҳамзамон, дар рафти  вохӯриҳо аз ҷониби кормандони  масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ҳудуди ҳамаи маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки ноҳия бо мақсади фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, рушди ҳунарҳои мардумӣ вобаста ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли руди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, корҳои хонагӣ, истифодаи самараноки нерӯи барқ ва дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо бо иштироки сокинони маҳаллаи мазкур дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ ва оммавӣ баргузор шуда истодааст.

Зимнан раиси Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ Сафарова Ӽафиза иброз намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахолқиву маънавии ҷомеа, амалигардонии Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аҳамияти хеле бузург дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg