БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ дар миёни ҷомеа ба унвони бонуфузтарин ҳизби сиёсӣ шинохта шудааст!

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хатлонроҳ” тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардида, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ва мутахасиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Исоев Фаррух иштирок намуданд.

Нахуст,  Наҷидуллоев Тавакал оид ба 24-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ ба сухан баромада қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар айёми ҷанги дохилии кишвар таъсис ёфта, ба саҳнаи сиёсии кишвар ворид шуд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо вориди майдони сиёсӣ гаштанаш, тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои барномавии худ, бо такя ба масъулиятшиносию қудрати зеҳни аъзо ҳамчун омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид. Ҳизбе, ки бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон чун рамзи озодию демократия, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис ёфта буд, тамоми марҳилаҳои ҳассос ва сарнавиштсози таърихиро сарбаландона тай намуда, имрӯз ба як нерӯи тавонову созанда ва муттаҳидсози ҷомеаи миллӣ табдил ёфтааст. Таҳкими низоми сиёсию ҳуқуқии кишвар, саҳми ҲХДТ бо роҳбари бохирадаш дар рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар намоён аст ва ин аст, ки мардум сиёсати пешгирифтаи роҳбари ҳизбамонро, ки мароми он созандагию бунёдкорист, ҷонибдорӣ менамоянд ва бо як ихлос ва иродамандӣ қисмати худро бо ин ҳизб мепайванданд. Мақсади асосӣ аз созмон додани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин муттаҳид намудани тамоми нерӯи пешқадам ва тавонои Ҷумҳурӣ ба хотири барпо намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мутараққӣ, ки манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳимоя карда тавонад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg