БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём - роҳнамо ба комёбиҳои навин

ПАНҶ. Ҷиҳати иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо аъзо ва ҷонибдорони фаъоли ташкилоти ибтидоии Оли Сомони ҷамоати деҳоти Намуна бо иштироки Файзиев Каримҷон-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ, Шомаҳмадзода Музафар мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳия ҷиҳати баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

Зимнан масъулон таъкид намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби комилан мардумӣ буда, манфиатҳои халқро ҳимоя менамояд ва дар сафҳои худ фарзандони арзандаи халқро  муттаҳид сохта, зери шиори «Барои ваҳдат, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» қадамҳои устуворона гузошта истодааст.

Баъдан, оид ба сазовор истиқбол намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки бо иқдоми хирадмандонаи Пешвои миллат эълон гардида буд ва он барои эҳёву рушди фарҳанги миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ заминаи мусоидат фароҳам овард, андешаронӣ намуданд.

Дар интиҳо раиси  ташкилоти ибтидоӣ Мавлонов Тошмат аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки санаи 26-уми декабри соли ҷорӣ тариқи телевизион намоиш дода мешавад, мавриди омӯзиши ҷидди ва амал қарор диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg