ШАҲРИТУЗ. Дар Маркази саломатии ноҳияи Шаҳритуз вобаста ба иыроиши нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ дар мавзӯъи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб бо иштироки муовини раис - мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Ачилдиев Турдимурод ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Замонов Азиз гузаронида шуд.
Дар рафти суҳбат сухан дар мавзӯъи мухталифе, ки имрӯз ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, ба монанди ба кор ҷалб гаштани духтарон ва ҷавонон, ба таълиму тарбия ва солимии насли наврас ва умуман ҷомеа, пешгирии касалиҳои сирояткунанда ба монанди ВИЧ/СПИД, табларза, вабо, домана, гепотит, оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ, таблиғи либоси миллӣ, ки ин ҳамааз самҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошанд, масъулин сухаронӣ карда, кормандони соҳаи тандурустиро барои бештар бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа дар байни омма ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣва тарғибитарзи ҳаёти солим раҳнамоӣ карданд.