БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таъмини аминияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои асосии ҲХДТ мебошад!

ДӮСТӢ. Таҳти роҳбарии и.в.раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов Абдулҳафиз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи Нури Вахши ҷамоати деҳоти Нури Вахш аз фаъолияти кишоварзон боздид ба амал оварда шуд. 

Бо кӯмаку дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ Рӯзибой Ҳакимов сокинони деҳот дар майдони 4 садяк замин гармхона ташкил карда,  зери он кишти пиёз, гашничу шибитро ба роҳ мондаанд, ки аз самараи заҳматашон ҳамарӯза даромад ба даст меоранд. Иқдоми некро сокинони деҳаи Нури Вахш дар қитъаҳои замини наздиҳавлигиашон ташкил намудаанд, ки зиёда аз 10 адад гармхонаро ташкил медиҳад.

Мардуми деҳот аз осоиштагӣ ва тинҷиву амонии кишвар ва фароҳам овардани шароит дар бозорҳои истеъмолӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минатдории худро баён намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg