БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум фаъолият дорад!

БОХТАР. Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳои шаҳри Бохтар дар ташкилоти ибтидоии ҳизби «Литсензия» вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар он раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирӣ Исоев Фаррух иштирок ва суханронӣ карданд.

Зимнан Наҷидуллоев Тавакал ба сухан баромада, дар назди иштирокдорон  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, таърихи  таъсисиёби ҳизб ба сухан гуфта,  қайд намуд, ки  дар шароити гуногунандешии сиёсӣ ва мавҷудияти бисёрҳизбӣ масъулияти мо ҳамчун ҳизби ғолиби парлумонии кишвар дар ҷомеа ниҳоят калон аст. Мақсади аслии ҳизб саодати халқи кишвар аст ва бо дигар ҳизбу ҳаракатҳои дигар, ки дар доираи қонун фаъолият мекунанд, робитаи созанда доранд.

Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ором кардани вазъи сиёсии мамлакат, баргардонидани гурезаҳо, аз буҳрони иқтисодӣ баровардани  кишвар ва ободу зебо гардидани гӯшаю канори он корҳои бузургеро анҷом додааст,  ва анҷом дода истодааст. Бинобар ин, дар миёни мардум обрӯ ва маҳбубияти хоса дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg