НОРАК. Дар доираи ҷадвали баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-сиёсӣ дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии “Кибил” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумринисо Гулмуродзода чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби иштирокдорон бо хушнудӣ пазируфта шуданд.
Чорабинии мазкурро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумриниссо Гулмуродзода ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Қаҳорзода Тағойбек бо аз назаргузаронии намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ба ҳунармандони деҳаи мазкур, ки ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ машғуланд, як ҷаҳон таҳсину офарин хонданд. Чунки дар чорабинии мазкур тамоми ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии хоси мардуми тамаддунофари тоҷик ба намоиш гузошта шуда буданд, ки фарҳанги миллати тоҷикро муаррифӣ менамуд.
Зимни суханронӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар доираи рушду тараққиёт, созандагиву бунёдкорӣ ва аз нақши бузурги Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама ҷабҳаҳои хоҷагии халқ ёдоварӣ карда, аз ҳозирин баҳри тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, боз ҳам ободтару зеботар гардидани ҳар як гӯшаи диёр ва саҳмгузорӣ барои ояндаи дурахшони Ватани азизамон даъват ба амал оварданд.
Занону бонувони ҳунарманди ташкилоти ибтидоии “Кибил” аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё намудани ҳунарҳои қадимаи ниёгонамон хушнуду сарфароз мебошанд ва бо ҳавасмандии зиёд ҳунарҳои хешро тақвият дода истодаанд.