БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон моҳияти Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем”-ро хуб дарк кардаанд

ШАҲРИТУЗ. Вохӯрии навбатиии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар деҳаи Айвоҷи ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров оид ба самтҳои афзалиятнок фаъолияти ҲХДТ ва  қабули аъзо аз ҳисоби шахсони бомаърифат ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он  муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Ачилдиев Турдимурод ва кормандони муассисаи мазкур иштирок намуданд.

Сараввал Ачилдиев Турдимурод   дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он, озмунҳои ҳизбӣ ва  моҳияти Аксияитарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  андешаронӣ карда, иштирокдорон барои  роҳандозии  Аксияи ҳизбӣ, ки дар ҳалли мушкилоти маҳали зист  мусоидат менамояд, раҳнамоӣ намуд.

Пас аз суханрониҳои судманд мавсуф  ба аъзои  нави ҲХДТ  дар вазъияти  тантанавӣ дафтарчаҳои ҳизбиро супориданд.

Дар охир маъмурияти  муассисаи таълимӣ барои баргузории хониши сиёсӣ изҳорӣ миннатдорӣ баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg