БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Саҳмгузории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар корҳои ободониву созандагии маҳал

ҶАӢҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Навоии ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ  Аксияи тарғиботии - амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим, вакили Маҷлиси вакилони халқи ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ Асоев Сайфиддин ва сокинони деҳаи болозикр баргузор гардид.

Дар рафти баргузории чорабинӣ Сабурзода Насим қайд карданд, ки Аксияи тарғиботии - амалии ҳизбӣтаҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи кишвар бармеоянд ва ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мардум инчунин дар ин замина сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ, фаъол гардонидани онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мавҷуда аз роҳи тарғиби дуруст сафарбар намудани корҳои хайру сахо, ҳалли масъалаҳои бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл бо истифода аз қувваи фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, инчунин қувваи сокинони маҳал иборат мебошад.

Ҳамчунин дар чорабинии мазкур аз тарафи сокинон дар шоҳроҳи Дӯстӣ-Бохтар зиёда аз 250 бех дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg