БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таъмини амнияти озуқаворӣ қисми таркибии рушди иқтисоди миллӣ аст

Н.ХУСРАВ. Мутобиқи ҷадвали тасдиқгардидаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар  маҳаллаи Лолазори ҷамоати деҳоти  Истиқлол  бо мақсади амалигардонии Соли тақвияти робита  бо маҳал ва татбиқи амалии   Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид. 

Вохӯриро раиси    Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  Алиева  Сураё  ифтитоҳ намуда қайд кард, ки имрӯз сокинони  маҳаллаи Лолазор, ки  яке  аз  деҳаҳои навободи ноҳия ба  шумор меравад, бо  як масъулияти  баланд  ва ифтихори ватандорӣ ҷиҳати сазовор амали намудани  Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо тайёрии мукаммалу ҷолиб чунин чорабиниро баргузор намуда истодаанд.  Чорабинии имрӯза бо  ҳунармандии эҷодкорона ва бо малакаи баланди ватандӯстона, ҳифзу суннату анъанаҳои мардумӣ, рушди корҳои хонагӣ ташкил ва баргузор гардид.

Баргузории чунин чорабиниҳо  дар тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар  байни сокинон бо мақсади тарбияи ахолқиву маънавии ҷомеа,  амалигардонии  Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аҳмияти хеле бузург  дорад.

Баъдан  вакили  Маҷлиси  вакилони  ҳалқи  ноҳия  Ашӯров  Хуҷаназар аз  аъзои  ташкилоти  ибтидоии  ҳизбӣ,  даъват  намуд, ки корҳои  ободониро  дар  маҳҳала   ба  роҳ  монда,   аз  сокинони   бахусус  аз  ҷавонон даъват  ба  амал  овард, ки ҷиҳати  тарғиби урфу одат ва  анъанаҳои  мардумӣ ҳамеша  саҳмгузор бошанд.   Истифодаи  дурусти  технологияи  муосирро  ба  роҳ  монда,  дар  шабакаҳои   иҷтимоӣ,  аз ҷумла  фейсбук  дар  шакли  маҳкум кардани    амалҳои  иғвоангези  хонинони  миллатро ба  роҳ  монда, онро   инъикос  намоянд

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg