ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар маҳаллаи Навбунёди ҷамоати шаҳраки Обикиик бо сокинон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин доир ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба фаъолияти оғоз кардани агрегати якуми НОБ-и Роғун, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳои ҳизбӣ ва моҳияти Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ карда, ҳамагонро барорирасидан ба қадри сулҳу суботи кишвар, дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ, хизматҳои беназири Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду тараққиёти Ватан раҳнамоӣ карданд.
Дар қисмати фарҳангии вохӯрӣ масъулин аз ҳунару ҳунармандии занону бонувони чирадасти деҳот дидан карда, ба ҳунару маҳорати баланди онҳо таҳсину офарин гуфтанд.