БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳифзи арзишҳои миллӣ вазифаи мо шаҳрвандон аст

ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия» хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гузаронида шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода дар бораи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷамъомадагон суҳбат намуда, қайд кард, ки анъанаи неке, ки аз ниёгон ба мо мерос мондааст, ин эҳтиром ба табиат ва шинохту қадри неъматҳои табиӣ мебошад. Махсусан ниёгони мо нисбати дарахтон ва обу замин ҳамчун мавҷудоти зинда муносибат мекарданд. Ба об андохтани ифлосиҳоро гуноҳ шуморида, «макруҳ аст» мегуфтанд. Гузаштагони дурандеши мо баъзан ҷашнҳоро дар гузаргоҳҳо, ба хотири зери пойи ҳайвоноту одамон эмин нигоҳ доштан дарахт мешинонданд. Аз ин рӯ, моро месазад дар ҳифзи муҳити экологӣ  саҳм гузошта, ниҳолеро шинонем, ки дар оянда   аз он ниҳол  одамон ком ширин намоянду аз соааш баҳравар  гарданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg