БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бузургтарин масъулияти волидайн дар назди фарзанд ин тарбияи хуб кардан аст

ФАРХОР. Бо мақсади тарғибу ташвиқ ва фаҳмонидани моҳияти самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Фархор бо сокинони деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Гулшан мулоқот доир намуданд.

Дар вохӯрӣ фаъолони ҲХДТ дар ноҳия Дӯстов Рустамҷон, Абдураҳмонов Ҷамшедҷон ва Маҷидзода Абдулҳамид низ иштирок дошта,  оид ба  пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар самти таълиму тарбия, баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сирояткунанда ва ташаккул додани мафкураи сокинон дар самти мубориза бар зидди ришвахӯрӣ ва ришваситонӣ  андешаронӣ карданд.

Қайд гардид, ки аз қадимулайём мардуми соҳибтамаддуни тоҷик ба тарбияи фарзанд аҳамияти хоса зоҳир менамуданд ва барои дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ ҳамеша кӯшиш мекарданд. Имрӯз низ бояд ба омилҳое диққат диҳем, ки насли ҷавону ояндасози моро ба пирӯзию сарбаландӣ мерасонад. Зеро маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушди ҷомеа, мустаҳкамии қудрати давлат ва побарҷойии тамаддунҳо ба шумор меравад.

Аз ин лиҳоз, падару модарони арҷманд бояд рисолати муқаддаси худ – тарбияи поктинативу зебоипарастӣ, башардӯстиву инсонпарварӣ ва заҳматкашиву ободкориро дар замири фарзандон ташаккул бидиҳем ва насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар руҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол расонем, то ки онҳо тавонанд парчами давлатамонро дилпурона ба сӯи уфуқҳои ояндаи ободу осуда баранд.

Ҳамчунин, масъулин  дар масъалаи ташаккул додани мафкураи зиддикорупсионӣ ибрози ақида намуда, қайд карданд, ки ришвахӯрию ришваситонӣ дар ҳар давру замон садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеъа мегардад, оромию суботро халалдор сохта, боварии мардумро ба мақомоти давлатӣ коста мегардонад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg