БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафи мубориза зидди терроризму экстремизм – таъмини амният, оромӣ ва суботи кишвар мебошад

ПАНҶ. Чорабинии фарҳангӣ-сиёсии сокинони маҳаллаи Сомонӣ-1-и ҷамоати деҳоти Намуна таҳти унвони «Ҳадафи мубориза зидди терроризму экстремизм – таъмини амният, оромӣ ва суботи кишвар мебошад» интихоб шуда, ҳамзамон бо намоиши ҳунару заҳмату бошандагони маҳал ташкил карда шуд.

Терроризму экстремизм дар замони мо  хусусияти умумиҷаҳонӣ гирифта,  террористон кушиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша ва нақшаҳои худро бо ҳар  роҳу  усулҳои ғайрининсонӣ ба амал оварда, кишварҳои ободу пешрафтаро ба харобазор табдил диҳанд. Мисоли исботи ин гуфтаҳо  гирдиҳамоии КШНЗТ дар шаҳри Берлини Олмон, ки дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ авбошони ҳизби наҳзати ислом ташкил намуданд,  мебошад - гуфт зимни суханронӣ  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шомаҳмадзода Музафар.

Дар идома иштирокдорон ин амали шармовари  аъзоёни ҳизби наҳзати исломро маҳкум намуда, иброз доштанд, ки тоҷикони бонангу номус ҳеҷ гоҳ ба ин дассисаву иғвогариҳои ин гурӯҳи  ҷиноятпеша дода намешаванд ва ин гирдиҳамоиро чун як намоиши сиркӣ қабул намуданд.

Ҳамчунин, зимни суханрониҳо масъулин оиди дигар самтҳои афзалиятноки фаъолият ҳизб тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон ва риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»   баромадҳо  намуданд.

Дар фарҷоми  вохўрӣ оид ба масъалаҳои баррасигардида, баҳсу мунозираҳои судманд доир гардида, аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ дар баланд бардоштани маърифати динӣ ва сиёсии ҷавонон бетараф набошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg