МӮЪМИНОБОД. Дар ҷамоати деҳоти Балхобӣ бо занону духтарон доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал мулоқот баргузар гардид.
Дар мулоқот мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод Рамазон Ҳайдаров ва раиси ҷамоати деҳоти Балхобӣ Холова Лутфия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимнан масъулин вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солирушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳои ҳизбӣ бо номҳои «Маликаи Хатлон», «Тарроҳи беҳтарин», «Беҳтарин доиркунандаи чорабинӣ дар сатҳи маҳал», ва «Беҳтарин мавзеъҳои сайёҳӣ, ки дар он занону бонувон ҷамъ омада буданд, мавридибаррасӣ қарор дода, онҳоро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ давъат карданд.
Инчунин, дар идомаи суханронӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ, омили асосии нигоҳ доштани сулҳу субот, амнияти кишвар, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризм, ва хизматҳои арзандаи Сарвари давлат, пойдории сулҳу ваҳдат ва дастовардҳои соҳибистиқлоли андешаронӣ карданд.