БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Курси бозомӯзии кормандони масъули ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён

КУШОНИЁН. Дар толори Донишкадаи  Энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён тибқи ҷадвали баргузории курсҳои бозомӯзӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бо иштироки Наимов Маҳмадулло- мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлилии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло- мудири бахши бақайдгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷамъиятии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Ҳамидиён Илҳомҷон-мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ ва  Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон курси бозомӯзӣ барои раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раисони маҳалла  ва кормандони масъули ҲХДТ дар ноҳия дар мавзӯъи «Тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар минтақаҳо ва баланд бардоштани дониши сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ» доир гашт.

Курси бозомӯзиро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара  оғоз карда, мақсади баргузории курсро ба аҳли толор фаҳмонид.

Аз рӯи барномаи курси бозомӯзӣ кормандони дастгоҳи КИМ ҲХДТ Шоҳиён  Абдураҳим Маҳмадулло оид ба татбиқи қарорҳои Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ  ва амалигардонии ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоӣ, Наимов Маҳмадулло  кадрҳо-меҳвари рушд ва устувории давлат, Ҳамидиён  Илҳомҷон тарзу услуби замонавии таблиғу ташвиқ бо истифода аз технологияҳои муосири электронӣ ва истифодаи самарабахши ВАО дар маъракаҳои сиёсӣ лексияву суҳбатҳо намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg