БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарбияи худшиносии миллӣ асоси пешрафту тараққиёт аст

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша- чорабиниҳои тасдиқгардидаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сайёра” хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

дар вохӯрӣ  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ваҳобиддин Абдуллоев  иштирок дошта, дар бораи таълиму тарбияи фарзанд,  вазъи занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат, ҷалби духтарон ба таҳсилу касбомузӣ  ва самтҳои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба заонон дар оила, пешгирии никоҳи хешутаборӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятии  ВНМО, ҳифзи сиҳатии омма ва дар байни сокинон бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба бемориҳои сироятӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа, муқовимат бо коррупсия, пешгирии  шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, ба фаъолият оғоз намудани  агрегати якуми НБО-и Роғун бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карда, афзуд, ки бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун рушди ҳунарҳои мардумӣ   барои занону духтарон шароит фароҳам оварда шуда, занону духтарон метавонанд бо омӯзиш ва рушд додани ҳунар шароити иқтисодии худ ва атрофиёнашонро бо ташкил намудани ҷойҳои нави кори беҳбудӣ бахшанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg