
ДӮСТӢ. Таҳти роҳбарии и.в.раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов Абдулҳафиз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Ҷангалпарвар»-и ҷамоати деҳоти Нури Вахш бо фаъолону ҷонибдорони ҳизб вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ баррасии нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Созишномаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистону Ӯзбекистон, пешгирии амалҳои номатлуб дар байни ҷавонон, аз ҷумла оқибатҳои хатарҳои экстремистӣ-террористӣ, ки ин ҳама аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба шумор мераванд, мавриди баррасӣқарор гирифтанд.
Дар рафтибаргузории вохзӯрӣ ба як қатор омӯзгороне, ки нав ба кор қабул карда шудаанд, шаҳодатнома ва нишони ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.