БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Садоқат ба Ватан мароми мост!

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Данғара дар мувофиқа бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия,  оид ба  баргузории вохӯриву суҳбатҳо бо хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо таҳти унвони “Садоқат ба Ватан мароми мост!” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и  деҳаи Сафобахш чорабинӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур атрофи мавзӯъҳои муқаддасоти миллӣ, ҳифз ва гиромидошти онҳо, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, сифати таҳсилот, мутахассисони рақобатпазир ва сатҳан касбӣ дар бозори озоди меҳнат, омӯзиши илмҳои дақиқ, техника ва технологияи муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ, сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.

Зимнан аз ҷониби хонандагони муассиса маҷмуи шеърҳои ватандӯстона қирот гардид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg