ВОСЕЪ. Тибқи нақша-чорабиниӽои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ ин навбат дар кӯчаи ба номи Мирзо Турсунзодаи ҷамоати шаӽраки Ӽулбук бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ намоиши ӽунарӽои мардумӣ баргузор гардид.
Зимнан раиси Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ Сафарова Ӽафиза атрофи самтӽои афзалиятноки фаъолияти ӽизбӣ, дар бораи моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба фаъолият оғоз кардани чархаи якуми НОБ-и Роғун суханронӣ намуда, ҳамагонро ба корҳои созандагиву ободонӣ, рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ ва сарфаҷӯёна истифода бурдани нерӯи барқ, пардохти саривақтии маблағи он раҳнамоӣ кард.
Занону бонувони ҳунарманду чирадасти кӯчаи ба номи Мирзо Турсунзодаи ҷамоати шаҳраки Ҳулбук аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё намудани ҳунарҳои қадима хушнуду сарфароз буда, бо як ҳавасмандӣ ҳунарҳои хешро тақвият дода истодаанд.
Дар охири чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби намояндагон ба хушнудӣ пазируфта шуданд.