БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мақсади курси бозомӯзӣ баланд бардоштани дониши сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва муаррифӣ намудани мақому манзалати ҲХДТ дар байни ҷомеа

БОХТАР. Тибқи нақша-чорабиниҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 3 то 12- декабри соли равон дар шаҳру навоҳии минтақаи Бохтар вилояти Хатлон курсҳои  бозомӯзӣ барои раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва кормандони масъули ҲХДТ дар мавзӯъи «Тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар минтақаҳо ва баланд бардоштани дониши сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ» гузаронида шуд. 

Тибқи нақшаи пешниҳоднамуда курси бозомӯзӣ дар толори Кохи Ватан баргузор гардид.

Дар он намояндагони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Наимов Маҳмадулло мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлил, Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло   мудири бахши бақайдгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷамъиятӣ, Ҳамидиён Илҳомҷон мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Наҷидуллоев Тавакал раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва муовини раиси шаҳри Бохтар Абдуназарзода Шоиста иштирок намуданд.

Даъватшудагони курси бозомӯзӣ раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ташкилоту муассиса ва маҳалаҳои шаҳр, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва фаъолону собиқадорони ҲХДТ ҳузур доштанд. Сараввал раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ба сухан баромада, мақсади баргузории курсибозомӯзиро ба иштирокдорон шарҳу тавзеҳ дод.  Сипас, муовини раиси шаҳри Бохтар Абдуназарзода Шоиста оид ба таърихи таъсисёбии ҲХДТ ва роҳи пуршарафи тайкардаи он дар тӯли 24 сол андешаронӣ намуд.

Дар идома Наимов Маҳмадулло мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлилии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии оид ба «Мақому манзалати ҲХДТ дар байни халқ ва ҷомеа», Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло  мудири бахши бақайдгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷамъиятии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии оид ба «Фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ» ва Ҳамидиён Илҳомҷон мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ оиди «Истифодаи дурусти шабакаҳои интернетӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшудан ба гурӯҳҳои ифротӣ» андешаронӣ карданд.

Баъдан  дар идома раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ оид ба фаъолияти  хуби ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  ва ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру навоҳии минтақаи Бохтар вилояти Хатлон фикру ақидаи худро баён дошт.

Дар охир раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ба сухан баромада, қайд намуд, ки он маслиҳат ва дастурҳои созандае, ки дар рафти ин курси бозомӯзӣ баррасӣ гардиданд, мо ҳизбиён дар фаъолияти кории ҳаррӯзаи хеш самаранок истифода хоҳем бурд, баҳри татбиқи он донишу малака ва маҳорати касбии хешро дареғ намедорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg