БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Курси бозомӯзӣ, ки дониши сиёсии ҳизбиёнро баланд бардошт ба манфиати кор буд!

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун барои раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия курси бозомӯзӣ дар мавзӯи «Тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар минтақаҳо ва баланд бардоштани дониши сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ» дар қасри фарҳанги ноҳия  тар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ баргузор гардид.

Қобили қайд аст, ки дар рафти баргузории курси мазкур вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоии корхона, муассисаҳо ва раисони ташкилотҳои ибтидоии КИ ҲХДТ дар деҳаву маҳаллаҳо фаъолона иштирок доштанд.

Курси бозомӯзӣ аз тарафи кормандони масъули Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Ҳамидиён Илҳомҷон-мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занон, Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло-мудири бахши бақайдгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷамъиятии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Наимов Маҳмадулло Раҳимович-мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва ҳамчунин Иброҳимзода Неъматулло-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар сатҳи баланди сиёсӣ гузаронида шуд.

Курси бозомӯзиро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Шомаҳмадова Ҷумагул бо суханони ифтитоҳи ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба иштирокчиёни чорабинӣ шинос намуд.

Дар рафти баргузории курси бозомӯзӣ кормандони масъули Дастгоҳи КИМ ҲХДТ вобаста ба Барномаи курс, аз ҷумла дар мавзӯи Кадрҳо-меҳвари рушд ва устувории давлат, оид ба татбиқи қарорҳои Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ  ва амалигардонии ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоӣ, ва вобаста ба “Тарзу услуби замонавии таблиғу ташвиқ бо истифода аз технологияҳои муосири электронӣ ва истифодаи самарабахши ВАО дар маъракаҳои сиёсӣ” лексия ва суҳбатҳо карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg