БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҒУН ОЯНДАИ РАВШАНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК МЕБОШАД

АНДЕША. Мусалам аст, ки имрӯз офтоби бахту иқболи мо мардуми сарбаланди Тоҷикистон тобон асту таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз созандагиву бунёдкорӣ ҳарф мезанем. Ғояи азалии миллати тоҷик низ ҳамин созандагиву бунёдкорист. Пешвои миллат ҳамарӯза дар андешаи беҳбудии халқ аст. Аз рӯзе, ки ба майдони сиёсат омад, пеш аз худ ғами халқро хӯрд. Ба истифода дода шудани агрегати якуми НБО «Роғун» низ идомаи ҳамон азму талошҳои Пешвои миллат дар роҳи бахту саодати мардум аст. Саъдии Шерозӣ мефармояд:

Ибодат ба ҷуз хизмати халқ нест,

Ба тасбеҳу саҷҷодаву далқ нест.

Албата ин гуфтаҳоро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амал собит сохта, тули солҳои роҳбарии худ мардуми Тоҷикистонро дар роҳи сулҳу субот, озодиву рафоқат ва зиндагии шоиста ҳидоят намуд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки ҳар нафаси Пешвои миллати мо ибодат аст, зеро дар ҳар як лаҳза вақти худро барои хизмати халқ сарф намуда истодааст.

Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» иншооти ҳаётан муҳимми мамлакат ба ҳисоб меравад. Бунёди НБО «Роғун» армони миллати мост. Аз ин рӯ, таъмини Истиқлолияти энергетикӣ аз ғояҳои созандаи Пешвои муаззами миллати мо ба ҳисоб меравад. Беҳтарин арзишҳои инсонӣ, сифати наку, шараф, номусу мардонагӣ ва дасту дилу нияти пок доштани ин шахсият имрӯз мусоидат кардаанд, ки мо- мардуми саодатманди тоҷик, шоҳиди ин дастоварди таърихӣ гардидем. Баъдан, бисёр муҳим аст, ки ҷавонони Ватан бо назардошти ҷавонмардӣ ва ифтихори миллӣ ин талошҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳуриро дуруст дарк кунанд.

 Пешвои миллат бо татбиқи сиёсати дурандешона ва башардӯстонаи худ барои мардуми кишвар ғамхорӣ менамоянд. Ҳамагон хуб огоҳанд, ки санаи 29 октябри соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ пушти чанбараки булдозери вазнин нишаста, аз соати 10-и субҳ то 11:30 маҷрои дарёи Вахшро баст, ба бунёди сарбанди НБО «Роғун» оғоз бахшид. Инак тавассути дасгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати аввали НБО «Роғун» ба истифода дода шуд. Яъне орзӯву омоли деринтизори мардуми тоҷик амалӣ гардид. Албата, маълум аст, ки бунёду барқарорсозии ин ишооти муҳимму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад.

Дар айни замон, Роғун манбаи бузурги истеҳсоли барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва арзон мегардад, ки аз назари истифодаи боэътимоди захираҳои табиат дар оянда хеле муҳим аст, хусусан, дар шароите, ки истихроҷи нафту газ дар ин соҳа нисбат ба барқ зарарнок буда, наметавонад беохир давом кунад. Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфтаанд, ки «Бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳимму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад».

 Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи обӣ мебошад ва онро бояд ба мақсадҳои стратегии давлат истифода намуд. Бинобар ин, сиёсати Пешвои миллат оиди барқарор кардани корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун»  ин сиёсате мебошад, ки баҳри манфиати халқу давлат равона шудааст. Аз ин лиҳоз, тамоми аҳолии Ҷумҳурӣ сохтмони НБО «Роғун»-ро гарму ҷӯшон дастгирӣ намуда, онро иншиоти тақдирсози миллат меҳисобанд.

Мо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар баробари татбиқсозии сиёсати роҳбарияти муаззами ҲХДТ итминон дорем, ки бо саҳми босазои Сарвари ғамхори миллат агрегатҳои дигари НБО «Роғун» низ мавриди истифода қарор гирифта, дар баробари ин, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо иншооти ҳаётан муҳим ба истифода дода мешаванд.

Абдулҳафиз ҚУРБОНОВ – и. в. раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg