БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҒУН ҲАЁТУ МАМОТИ ТОҶИКИСТОН АСТ!

АНДЕША. Аз рӯзҳои аввали роҳбарии кишварро ба душ гирифтан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати дохилӣ барои пешрафти давлат ва ноил шудан ба таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ се вазифаи асосиро дар пеш гузошт. Яке аз ин вазифаҳо расидан ба Истиқлолияти энергетикии кишварамон буд, ки дар баробари амнияти озуқаворӣ ва баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ яке аз нишондиҳандаҳои асосии давлати мутамадин ва соҳибихтиёр ба шумор меравад.

 То ин давра Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» нотамом монда буд ва талаботи ҳамарӯзаи мардум ва имкониятҳои мавҷуда талаботи корхонаю коргоҳҳои гуногунро бо қувваи барқ таъмин карда наметавонистанд. Номусоидии обу ҳаво ба норасоии об дар фасли зимистон ва дар заминаи ин, бо қувваи пурра фаъолият карда натавонистани тамоми соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар асос шуд.

 Барои ҳалли ин масъала дар муддати кутоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷрои дарёи Вахш нерӯгоҳҳои барқӣ-обии “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2” сохта ба истифода дода шуданд. Фаъолияти ин нерӯгоҳҳо ҳарчанд вазъи иқтисодии ватанамонро беҳтар намуда бошанд ҳам, валекин ҳамаи талаботи давлати тозабунёди тоҷиконро ба қувваи барқ қонеъ гардонида наметавонистанд ва аз ин рӯ оғози сохтмони НБО «Роғун» ба нақша гирифта шуд.

 НБО «Роғун» бузургтарин ва муҳимтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо оғози фаъолияти пурраи ин нерӯгоҳ рушду тараққиёти босуръат ва ояндаи пурсамари давлати Тоҷикистон таъмин мегардад. Президенти давлат, Пешвои миллат дар суханрониашон пайваста таъкид менамоянд, ки «Роғун ҳаёту мамоти Тоҷикистон аст!». Ҳамин тавр, бо кӯшиш ва заҳматҳои шабонарӯзии сарвари давлатамон сохтмони НБО «Роғун» оғоз гардид.

Бояд гуфт, дар шароити Тоҷикистон, ки 90%-и ҳудудашро кӯҳҳои осмонбӯсу барфпӯш ташкил мекунад, сарвати аз ҳама бебаҳо ОБ ҳаст ва 60% оби минтақаи Осиёи марказӣ аз кӯҳсори Тоҷикистон сарчашма мегирад. Истифодаи босамари ҳамин сарвати бебаҳо, ки офаридгори олам фаровон ба тоҷикон ато кардааст, метавонад таъмингари зиндагии шоистаи мардуми кишвар бошад.

 Ба ҳамагон маълум аст, ки корҳои банақшагирии сохтмони НБО «Роғун» таърихи ҳаштодсола дорад. Дар ин солҳо аз тарафи муассисаҳои илмии Иттиҳоди Шӯравӣ татқиқоти гуногуни илмию амалӣ, аз ҷумла геофизикӣ, гидрологӣ, гидротехникӣ, зилзилавӣ, иҷтимою иқтисодӣ, муҳосибӣ, озмоишҳои геологӣ, корҳои муоинавӣ ва мушоҳидавӣ дар минтақаи сохтмон гузаронида шуданд.

 Гузашта аз ин, солҳои 1974 лоиҳакашӣ ва асосноккунии техникию иқтисодии НБО “Норак” аз ҷониби Ӯзбекистон, Туркманистон бо розигии Тоҷикистон оғоз ёфта буд ва соли 1978 ба анҷом расид ва оғози сохтмони НБО “Норак” ба марҳилаи аввали худ ворид гардид. Мувофиқи нақшаи генералӣ баробари ба истифода додани НБО “Норак” ҳамаи нерӯи асосии сохтмон ба бунёди НБО «Роғун» сафарбар карда мешуд, зеро ин ҳарду сохтмони аср пайвастагии зич доштанд. Бе обанбори Роғун НБО “Норак” умри дароз дошта наметавонист. Дар ҳолате, ки маҷрои пуртуғёни рӯди Вахш бо лой ва сангу шағал обанбори НБО “Норак”-ро пур гардонида, нурӯгоҳ корношоям мегардонид, обанбори НБО «Роғун» ба НБО “Норак” умри дубора бахшида метавонист ва Президенти кишвар низ борҳо изҳор намуданд: “Роғун умри Норакро 100-солаҳо дароз мекунад”. Бо сохта ба кор даровардани НБО «Роғун» имконияти шодоб намудани боз ҳазорҳо гектар заминҳои бекорхобида пайдо мешавад.

 Гузашта аз ин, истеҳсол ва содироти нерӯи арзони барқ ба маротиб боло мешавад, дигар давлатҳои ҳамсоя аз он баҳравар гардида метаваонанд ва аз ҷиҳати экологӣ низ безарар мебошад. Аз ин хотир бунёди ин иншооти тақдирсоз ба нафъи кулли минтақа хоҳад буд.

 Тибқи назардоштҳо иқтидори лоиҳавии НБО «Роғун» бо фаъолияти самараноки 6 агрегат ба 3600 мегаватт баробар буда, сарбанди обанбораш 335 метр баландӣ дорад.

 Ғунҷоиши умумии обанбор 13,3 километри кубӣ, ҳаҷми самарабахшии об 10,3 километри кубӣ буда дар давоми 15-17 сол пурра ҷамъоварӣ карда мешавад.

 Пас аз бо иқтидори пурра ба кор даромадан НБО «Роғун» метавонад ҳамасола 13,1 миллиард киловатт/соат нерӯи барқ истеҳсол намояд.

Даромади софи НБО «Роғун» дар се соли фаъолияташ хараҷоти пурраи барои сохтмонаш сарфшударо барқарор менамояд, зеро бо ҳисоби пешакии мутахассисони варзидаи соҳа арзиши аслии нерӯи барқи истеҳсолшаванда арзонтарин дар ҷаҳон хоҳад шуд.

Аз саҳифаи таърих аён аст, ки то пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ 40% сохтмони НБО «Роғун» ба анҷом расида буд. Аммо дар солҳои 1993-ум дар натиҷаи обхезии шадид сарбанди нотамоми онро маҷрои об шуста пурра валангор намуд. Солҳои 2007-2008 бо ташаббуси пешгирифта ва азму иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарорсозии иншооти аз ҷиҳати стратегӣ муҳимми НБО «Роғун» бо маблағгузории Ҷумҳурии Тоҷикстон бо қувваи кори мардуми баномуси тоҷик оғоз гардид.

 Дар як муддати кӯтоҳ НБО «Роғун» ба майдони диловарон ва фарзандони баномусу ватандӯст мубаддал гардид. Дар ин коргоҳ беш аз 19000 мутахассисон кор ва фаъолият доранд, ки онҳоро танҳо як ҳадаф – пурра ба истифода додани НБО «Роғун» муттаҳид намудааст.

 Бунёди чунин як иншооти бузургро бе истифода аз техника ва технологияҳои ҳозиразамон тасаввур намудан мумкин нест ва дар сохтмони аср баробари одамон қувваи техника самаранок истифода бурда мешавад, ба монанди мошинҳои боркаши калонҳаҷм аз қабили «БелАз»-и истеҳсоли Белоруссия (иқтидори борбардориаш 75 тонна), булдозерҳои америкоии «Дрессер», мошинҳои японии «Каматсу» ва дигару дигар техникаҳои навтарин. Бо истифода аз ин техника сохтмончиён дар як муддати кӯтоҳ чанд нақби сохтмонию обпарто, пулҳои мошингузар, роҳҳои нақлиётии мавзеи дарғотро ба истифода додаанд.

 Ин ҳама заҳмату меҳнати шабонарӯзии Пешвои миллат мебошад, ки новобаста ба ҳама душвориҳои дохила ва беруна, новобаста ба буҳрони иқтисодие, ки ҷаҳонро фаро гирифтааст, барои ба даст овардани Истиқлолияти энергетикии кишварамон қадамҳои устувор гузошта, тавонистанд, ки агрегати якуми НБО «Роғун»-ро дар муддати кӯтоҳ ба кор андозанд.  Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб дар васфи ин иншооти бузург чунин гуфтааст:

Нури роғун хона равшан мекунад,

Маскани парвона равшан мекунад.

Олами афсона гардад мулки мо,

Зеҳнро афсона равшан мекунад.

Нур аз ҷое ба ҷое меравад,

Кишвари бегона равшан мекунад.

Роҳҳову кӯчаҳои мулкро,

Мисли ҳар кошона равшан мекунад.

Мисраҳои шеърии шоир ба дили ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар оташи умедро ба ояндаи дурахшон шуълавар мекунад.

Имрӯзҳо мо сокинони баномуси ноҳияи Шаҳритуз аз ин ғалабаи меҳнаткашони НБО «Роғун» сарбаланд гашта, дар оянда низ баҳри дастгирии сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю кӯшиш ба харҷ дода, баҳри гулгулшукофоии Тоҷикистони азиз меҳнат мекунем.

Шукри моён боз афзун мешавад,

Хотири мо шоду мамнун мешавад.

Роҳҳо пурнуру равшан кӯчаҳо,

Аз тамошо чашм мафтун мешавад.

Ҳомидҷон ШАРОФОВ – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg