БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОНАМ НУРАФШОН ШУД

АНДЕША. Имсол бо шарофати заҳматҳои пайгирона ва шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон зери ливои сулҳу оромӣ, суботи сиёсие, ки барои мо фароҳам овард ба комёбии бузург ноил шудем. Ин комёбӣ ба кор даромадани агрегати аввали НБО «Роғун» аст, ки нишони ғалабаи нур бар зулмот аст. Ин дастоварди бузург боиси шукргузории ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ва хурду бузурги миллати соҳибтамадун ва худододи тоҷик мебошад.

Заҳматҳои чандинсолаи Пешвои фидоии миллат буд, ки мо ба ин рӯзи нек раседем. Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ давру замон ҳеҷ миллату давлате, ки ҳазорсолаҳо дар асорати бегонагон буд, дар як муҳлати кутоҳ тамоми монеаҳои дохиливу беруниро бартараф карда, ба чунин муваффақиятҳои бузург ноил гардида бошад. Ба истифода додани ин иншооти бузурги таърихӣ, яъне НБО «Роғун» шаҳодат аз он медиҳад, ки Тоҷикистон мисли дигар мамлакатҳои абарқудрат зери сарварии Пешвои худ метавонад дили куҳро шикофад, дарёҳоро банд созад, то орзуву армони ҳазорсолаҳои миллати худро амалӣ сохта, саросари мамлакатро абадан нурафшон созад. Чуноне, ки мегӯянд: «Худованд ҳар давлату миллатеро агар бо чашми раҳмат назар афканад, сараввал ба он миллат Пешвои одилу накӯрой ва киваркӯшойро ато мефармояд». Миллати тоҷик ана аз ҳамон зумраи мардумонест, ки Худованд ба ӯ беҳтарин шахсияти арзанда ва покдилу покизаройро ба ҳайси Пешво ато фармудааст, то дар амалӣ намудани ин амалҳои пайдарпайи хайру сахо дастгири миллати хеш бошад ва чунин ҳам ҳаст.

Мо мардуми тоҷик зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин рушноӣ ва хушбахтии деринтизор расидем. Дар ин росто мо сиёсатеро, ки сарвари дурандешу қавииродаи мо дар роҳи расидан ба истиқлоияти энергетикӣ пеша кардааст бо қимати ҷони хеш ҳифз намуда, онро пайравӣ менамоем. Ҳеҷ гоҳ фаромуш намекунем, ки дар лаҳзаҳои мушкилу сангин Пешвои мо бори миллатро бар души худ гирифт то мардумаш осуда бошад ва пардаи торикӣ аз хонадони тоҷик дур бошад:

Ба дӯши худ гирифта бори миллат,

Раҳонад то варо аз зулму зиллат.

Қасам дар анҷуман ӯ ёд карда,

Тамоми ҳамватанро шод карда.

Албатта, ба кор даровардани агрегати якуми НБО «Роғун» ин оғози марҳилаи нави созандагӣ буда, Тоҷикистони нурафшонро дар оянда нуру зиё ва комёбиҳои нав ба нав интизор аст!

Салоҳиддин МИРЗОБАРОТЗОДА – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg