
АНДЕША. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушду нумӯи кишвари азизамон Тоҷикистон ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Нақши Эмомалӣ Раҳмон доир ба татбиқи ғояҳои миллӣ барои рушди ҷомеа басо назаррас мебошад ва дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ арзишмандтарин дастоварди миллӣ маҳсуб меёбад.
Маҳз, ҷаҳду талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат ва ҳадафҳои стратегии ба миёнгузоштаи он кас буд, ки имрӯз Тоҷикистони азиз давра ба давра ба дастовардҳои таърихӣ ноил гардида истодаанд. Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи “Иқтисодиёти сабз” ба шумор рафта 98 фоизи барқ тавассути нерӯгоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мешаванд ва ин имкон медиҳад, ки лоиҳаҳои зиёде дар ин самт тадбиқ карда шаванд. Солҳои охир дар ҷаҳон масъалаҳои Иқтисоди сабз дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон қарор дорад ва Тоҷикистон бо бунёди неругоҳҳои барқи обии “Норак”-у “Сангтӯда-1”, Сангтӯда-2”, “Роғун” ва тарҳи “СASA-1000” эътибори хоса пайдо намуд. Дар айни замон Тоҷикистон дар истеҳсоли “Энергияи сабз” яъне нерӯи барқи тоза ба қатори шаш мамлакати пешрафтаи ҷаҳон дохил гардид, ки ин боиси ифтихор аст.
Бояд қайд намуд, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Барои расидан ба он қадамҳои устувор гузашта шуданд ва намунаи олии онро дар бунёди иншооти бузурги аср Неругоҳи барқи обии Роғун мебинем.
Сохтмони ин иншоот дар даврони шуравӣ дар саргаҳи рӯди саркаши Вахш тарҳрезӣ гардида, бо сабабҳои гуногун хеле тӯл кашид. Монеаву мушкилоти зиёде пайдо гардида, чанд сол пеш роҳи сохтумони НБО “Роғун”-ро мегирифтанд.
Хушбахтона, ба бахти мардуми мо Бонки умумиҷаҳонӣ холисона ва дурусту безарар будани НБО «Роғун»-ро собит намуд. Дар даврони душвори буҳрони иқтисодии ҷаҳон даст задани Пешвои миллат ба сохтмони Роғун кори чандон осон набуд. Сохтмони НБО «Роғун» аз матонату устуворӣ, масъулияти бузургӣ ватандорӣ ва садоқату меҳнатдӯстии Пешвои миллат дарак медиҳад. Раванди бонизоми пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи кулли соҳаҳои ҳоҷагии халқ дар шароити имрӯза ба рушди соҳаи энергетика сахт марбут буда, иқдоми сохтмони НБО «Роғун» саривақтӣ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демокраии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 16-уми феврали соли 2018 зимни баромадашон дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ вобаста ба НБО «Роғун» таъкид доштанд, ки “Мо нерӯгоҳи “Роғун”-ро беҳуда “Сохтмони аср” унвон накардаем. Бо бунёди ин нерӯгоҳи бузург мо на танҳо мушкилоти нарасидани барқро ба аҳолӣ ҳаллу фасл мекунем, балки барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, фаъолияти муназами корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, тавсеа ёфтани тиҷорат ба беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ, аз ҷумла рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ заминаи устувор фароҳам меорем”. Ин суханони олиҳимматона ва дар сари чанбари мошини вазнин нишаста, маҷрои дарёро ба хотири бунёди саргаҳи НБО «Роғун» дигар карданаш дар хотираҳо нақш баста, ҳар яки моро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дӯст доштани Ватани азизамон – Тоҷикистон роҳнамун месозад. Бо ташаббуси Пешвои миллат сохтмони ин нерӯгоҳ босуръат идома дорад, ки онро метавон арсаи нангу номус ва қаҳрамониву фидокорӣ номид. Дар сохтмону бунёди НБО «Роғун» ҷамъияти бузурги зиёда аз 25000 нафараи коргарон ба таври шабонарӯзӣ заҳмат кашида истодаанд. Барои бунёди он соли 2017 аз ҳамаи манбаҳо 4 миллиарду 700 миллион сомонӣ харҷ гардид ва дар соли 2018 бошад, қариб 5 миллиард сомонӣ пешбинӣ ва харҷ шудааст. Ҳаҷми пурраи обанбори нерӯгоҳ 13,3 миллиард метри мукааб буда, иқтидори он 3600 мВт, иборат аз 6 чарха аст, ки қудрати ҳар кадом 600 мВт мебошад. Сохтмони НБО «Роғун» моҳияти байналмилалӣ дошта, бо бунёди ин нерӯгоҳ Тоҷикистон шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо мекунад ва нуру рушноии хонадони ҳар як тоҷикистонӣ ва кишварҳои ҳамсояро мунаввар месозад. Роғун сохтмони аср, иншооти муҳим, бунёдгузор ва ормони миллии тоҷикон мебошад. Роғун барои садсолаҳо, асрҳои аср сохта мешавад, ки ба кулли минтақа ёрӣ мерасонад. Дар натиҷаи ба кор оғоз намудани ин иншооти бузург чи қадар корхонаву муассисаҳо сохта шуда, мавриди истифода қарор мегиранд ва чи қадар ҷойҳои кории нав пайдо мешавад ва ҳамаи ин ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум оварда мерасонад.
Ба кор даромадани аввалин агрегати Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бесабаб нест, зеро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поягузори бевоситаи ин сохтмони бузурги аср буда, дар амалӣ намудани ин тарҳи бузурги миллӣ ҷаҳду талошҳои бесобиқа кардаанд, ки ҳаргиз аз хотираи мардуми тоҷик ва авроқи таърихи кишвар зудуда нахоҳад шуд ва ин Кохи Нур орзуву ормонҳои миллати моро амалӣ мегардонад.
Рӯзи таърихии 16-уми ноябри соли 2018 шодиву нишоти мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳадду канор надошт, чунки орзуи чандинсолаи хурду бузурги кишвар, ба кор оғоз кардани агрегати якуми иншооти тақдирсози мамлакат НБО «Роғун» ва истеҳсоли барқи аввалини он амалӣ гардид.
Дар маросими ин рӯйдоди таърихӣ намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Белорус, Украина, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ иштирок доштанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд ва ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, ки ба рушду тараққиёти кишвар мусоидат хоҳад кард, оғоз бахшиданд. Ҳамин тариқ, 16-уми ноябри соли 2018 дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳимми тақдирсоз ба вуқуъ пайваст ва қадами устувор барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд. Сарвари давлат дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани аввалин чархаи нерӯгоҳ таъкид доштанд, ки “Расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан – мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд, яъне имрӯз рӯзи равшаниву нур ва расидан ба ормонҳои миллӣ мебошад”. Бунёди НБО «Роғун» орзуву омоли мардуми тоҷик буд ва имрӯз ин орзу ҷомаи сабз ба бар намуд. НБО «Роғун» парвардаи ғояҳои кулли мардуми сарбаланди тоҷик бо роҳбарию роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демокраии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад. Ҳизби Халқии Демокраии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарпарастии маънавии НБО «Роғун»-ро ба ӯҳда дорад, ки ин ташаббус масъулияти мо ҳизбиёнро дучанд мегардонад. ҲХДТ бо тарғибу ташвиқи мунтазами худ ҳамеша баҳри осоиштагии мардум, ваҳдати миллӣ, сиёсати созандаю бунёдкорона, пос доштани ҳар порча замини Ватан, сулҳу субот ва тарбияи ҷавонон саъю талош менамояд. Бояд қайд намоям, ки Пешвои миллат ҳамеша кору пайкор ва хизмати шоистаю арзандаи ҳар як нафар шахси меҳнатдӯсту пешқадамро қадрдонӣ менамоянд. Санаи 14-уми ноябри соли 2018 дар “Қасри миллат” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани чархаи аввали НБО «Роғун» беш аз 100 нафар мутахассиси касбу кори гуногуни ин арсаи нангу номусро бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла ду нафарро бо ордени “Шараф” дараҷаи 2, 53 нафарро бо медали “Хизмати шоиста” ва 48 нафарро бо “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардониданд. Инчунин, ба 22 ҳазор нафар мукофотҳои “Бунёдгузори НБО «Роғун»” тақдим карда шуд.
Дар фарҷом қайд карданӣ ҳастам, ки нақши Асосгузори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи ғояҳои миллӣ – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сулҳу ваҳдати миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ дар мисоли сохтмони НБО «Роғун» басо созандаву мондагор аст. Роғун ҳамакнун ба майдони шуҷоату мардонагӣ, ба мактаби худшиносиву камолот ва ба минбари баланди ифтихору пирӯзиҳои миллати куҳанбунёду хайрхоҳи мо табдил ёфтааст. Ташаббусҳои беназири Сарвари давлат дар бунёди НБО «Роғун» шуҷоати фитрӣ, истеъдоди беназири кишвардорӣ, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан ва саъю талошҳои ҷоннисорона баҳри зиндагии шоистаи мардум мебошад.
Мунаввара САТТОРОВА - раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён