БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Илм сипарест алайҳи ҷаҳолат

А.ҶОМӢ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва нақша-чорабиниҳо оид ба баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ноҳия бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ҳайати Самадзода Саёҳат мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия, Х. Мирзоев мудири шуъаи таблиѓот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия дар ташкилоти ибтидоии «Назарова» кӯчаи Назароваи ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории вохӯрӣ масулин оид ба соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат маҳсуб ёфта, ҳар як кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ин соҳа дар ҳолати рушд қарор дошта бошад, зеро ояндаи давлату миллат аз он вобаста аст. Хушбахтона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба соҳаи мазкур таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади хеш пайваста аз муҳимияти илму маориф таъкид мекунанд. Таъмир ва сохта шудани мактабҳо ва бо технологияҳои замонавӣ муҷҷаҳаз кардани онҳо баёнгари он аст, ки роҳбарияти кишвар ин риштаро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ медонанд бо ҷамъомадагон суҳбати ошкоро баргузор карда шуд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg