БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тақвияти ҳуввияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстӣ дар байни сокинон

Ш.ШОҲИН. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Саринамак бо сокинон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва Соли тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯрӣ Ҳошимов Абдураҳим мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва Неъматов Абдулҷаббор мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар қисмати сиёсии  вохӯрӣ  масъулин доир ба  ба истифода додани якумин чархаи Нерӯгоҳи барқи Обии Роғун, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ, озмунҳои ҳизбӣ   ва моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»    суханронӣ намуда,  афзуд, ки миллати сарбаланди тоҷик аз ин иқдоми пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат руҳу иқболи тоза гирифта, тамоми нерӯву донишҳои худро барои пешрафту шукуфоии меҳани маҳбубамон равона месозанд.

Дар охир андешаҳои масъулинро сокинон  якдилона дастгирӣ карда, зикр карданд, ки  дастуру супоришҳои оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ҷону дил қабул дорему пайравӣ аз нобиғаи давру замонро хоҳем кард.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg