![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/IMG_20181212_120848406.jpg?itok=tIswVzaq)
ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Махтумқулии ҷамоати деҳоти «Истиқлол»-и ноҳия чорабинии таблиғотии ҳизбӣ перомуни самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода бо сокинони фаъол доир гардид.
Дар чорабинӣ тамоми ҳунарҳои мардумии дастранҷи ҳунармандони маҳалла ба намоиш гузошта шуд, ки бининдаро дар ҳайрат гузоштанд.
Зимни баргузории чорабинӣ Насим Сабурзода атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ҳамчунин вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муфассал суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳунармандони ноҳияи Ҷайҳун аз ин иқдоми муфиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузоранд, зеро ҳунармандон метавонанд ҳунарҳои миллиро эҳёи тоза бахшида, миллати тоҷикро дар ҷаҳон муаррифи кунанд.
Дар охири чорабинӣ ҳунармандони деҳаи Махтумқулӣ, ки ба дӯхтану бофтани матоъҳои миллии хоси мардуми тоҷик машғуланд ваъда доданд, ки соли 2018- Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумиро хуб ҷамъбаст намуда, дар соли нав кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки маҳсулотҳои дастранҷи хешро бештар истеҳсол намуда, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.