ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон дирӯз бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар маҳаллаи Ғаллаободи ҷамоати шаҳраки Обикиик оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвиятиробита бо маҳал вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулин дар назди ҷамъомадагон дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ аз ҷумла Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ба кор даромадани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки бо ибтикор ба ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид ва дарбораи таърихи таъсисёбии ҲХДТ, андешаронӣ намуданд.
Инчунин,дар ин раванд моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣтаҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ба сокинон фаҳмонида шуда, онҳоро барои дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ҳидоят карданд.
Дар охир масъулин аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки аҳли заҳмати деҳа бо рангу таровати зебо омода карда буданд, дидан карда онҳоро барои бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст кардани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ раҳнамоӣ намуданд.