ХОВАЛИНГ. Бо иштироки васеъи сокинон дар деҳаи Дараи Мухтори ҷамоати деҳоти Ҷомбахт атрофии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбат доир карда шуд.
Дар назди ҷамъомадагон мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дарноҳия Ҷамоилддин Қаюмов баромад намуда, ба онҳо муҳтавои самтҳои афзалятноки фаъолити ҲХДТ-ро фаҳмонид. Ҳозирин аз суҳбати доиргардида дар бораи фоидаи сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, роҳҳои мубориза ва пешгирӣ аз хатари терроризму экстремизм, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирии сокинони деҳа аз майл ва пайравӣ кардан ба фарҳанг ва урфу одати бегона, зарар ва оқибатҳои истифодаи ғайримақсаднок аз технологияи муосир, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, коррупсия, маълумоти зарурӣ пайдо намуданд.
Инчунин, мавсуф дар баромадаш дар бораи яке аз масъалаҳои ҳалталаб- даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳияти хизмат ба Ватан, риояи талаботи қонунҳои хусусияти миллидошта ба ҳозирин маълумот дод.
Пешгирӣ ва роҳҳои гузариши бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВМНО(ВИЧ), АНМО (СПИД) яке аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд, ки дар бораи он кормандони Маркази пешгирии ВНМО М. Мирзоева ва С. Қаюмова ба аҳли нишаст маълумоти муфассал доданд.
Дар деҳаи Дараи Мухтор ҳунармандони зиёди халқӣ зиндагӣ ва фаъолият менамоянд. Онҳо дар ин рӯз маҳсули ҳунарии худро пешкаши мардум гардониданд, ки ба ҳамагон писанд афтод.
Дар Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», ки гузаронида шуд, сокинони деҳа дар ҳамдастӣ барои мустаҳкам намудани соҳили дарёчаеро, ки ҳар сол роҳро бӯрида ба мардум душвориҳо пеш меорад, ба уҳда гирифтанд.
Боиси қайд аст, ки корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар рӯзи доир гардидани суҳбат оғоз гардида, сокинони маҳал ҷаҳд доранд, ки то мавсими боронгариҳо ва омадани сел онро ба анҷом расонанд.