ФАРХОР. Дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ва ҷадвали тасдиқгардидаи баргузории вохӯрию мулоқотҳо кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сокинони деҳаи Муҳоҷирободи ҷамоати деҳоти Дарқад оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робитабо маҳал вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои оид ба пешгирии нашъамандию нашъаҷаллобӣ, пешгирии шомилшавии сокинон ба ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ ва таълиму тарбияи насли наврасро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин,дар идомаи суҳбат озмунҳои ҳизбӣ ва моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», кибарои ҳал намудани мушкилоти ҷойдоштаи сокинон дар маҳали зист мусоидат мекунад андешаронӣ карда, ҳамагонро барои амалӣ намудани Аксияи ҳизбӣ даъват карданд.