А.ҶОМӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Маърифат»-и маҳаллаи Пролетарскаяи ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ хониши сиёси оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба сулҳу суботи сиёсӣ ва оромиву осудагии Тоҷикистон боиси хушбахтии мурдуми тоҷик буда ин воқеият ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуда дар ҷумҳурӣ таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаҳои мусоид фароҳам гардид. Аз таърихи инсоният мо медонем, ки дар марҳалаҳои гуногуни зиндагӣ бинобар сабабҳо ва омилҳои айнӣ ва зеҳнӣ унсурҳои таъминкунандаи ваҳдату субот халалдор шуд, боиси парокандагӣ ва ҳатто нобудшавии қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо шуданд, ба миллати тоҷик борҳо хатари парокандагию нобудӣ таҳдид карда, давлатҳои эҷодкардааш рӯ ба завол шуда, вале дар тӯли бештар аз ҳазорсол худро аз маҳвшавӣ наҷот дода, то ба Истиқлолияти миллию давлатӣ расид.
Хуллас, имрӯз чун фарзандони бонангу номуси миллат бо оромиву суботи кишвари азизамон меболем ва ифтихор мекунем.